Ба ифтихори 28-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия

08.04.2020 16:00

8 апрели соли 2020 28-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷашн гирифта мешавад.               

Тоҷикистон ва Русия  шарикони боэътимод ва ҳампаймон мебошанд.

Сатҳи баланди муносибатҳо пеш аз ҳама аз ҳусни эътимод ва эҳтироми мутақобил ва дӯстиву ҳамкорӣ байни сарони ду кишвар маншаъ мегирад.

Далели сатҳи баланди ҳамкориҳо байни ду кишвар заминаи шартномавию  ҳуқуқии муҳкам мебошад, ки беш аз 270 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар моҳи апрел ба шумор меравад. Дар поёни он сафар бастаи иборат аз 17 санади муҳим, аз ҷумла созишномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи тақрибан 500 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд.

Русия чун анъана яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мебошад. 30 дарсади мубодилаи мол дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба  Русия тааллуқ дорад.

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамчун василаи самарабахши ҳамкориҳои иқтисодӣ бомуваффақият фаъолият мекунад ва дар густариши равобит дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, электроэнергетика ва комплекси агросаноатӣ нақши калидӣ дорад.

Масъалаҳои таъмини амният, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ ҳамоно аз мавзӯъҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонанд. Дар ин росто ҳамкорӣ баҳри татбиқи амалии Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аҳаммияти хосса дорад.

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои созандаро дар арсаи байналмилалӣ, ба хусус дар чаҳорчӯби СММ, ИДМ, СААД, САҲА ва МҲБТО ба роҳ мондаанд. Ду кишвар дар СММ чун анъана аз иқдомҳои ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд. Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Русияро  дар доираи СААД ва СҲШ дар соли 2020 дастгирӣ мекунад.

Муколамаи пайгирона байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар идома дорад. Ҷонибҳо ройзаниҳои сиёсӣ дар мавриди масъалаҳои муҳимми дуҷониба ва бисёрҷонибаро мунтазам меафзоянд. 24-25 феврали соли ҷорӣ дар рафти сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Федератсияи Русия Барномаи ҳамкории байни ду вазорат барои соли 2020 ба имзо расид.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун абзори босамари густариши муносибатҳо боқӣ мемонад ва дар ин робита VII Форуми байнипарлумонӣ, ки дар соли 2019 дар Москва баргузор гардид, ба ҳамкории ду кишвар вусъати тоза бахшид.

Ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ пайваста густариш меёбанд. Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузаронии он дар соли 2020 пешбинӣ гардидааст, аҳаммияти хосса доранд.

Танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим дар рӯзномаи муносибатҳои байни ду кишвар боқӣ мемонад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар равобити дуҷониба нақши калидӣ дорад. Дар Тоҷикистон ба ҳифз ва густариши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Имрӯзҳо беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар макотиби олии Русия таҳсил менамоянд ва аз он теъдод 8 ҳазор дар филиалҳои донишгоҳҳои он кишвар дар Тоҷикистон маълумоти олӣ мегиранд.

Лоиҳаи муҳим дар соҳаи маориф сохтмони панҷ мактаби миёна аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода, ки ба забони русӣ таълим хоҳанд дод, мебошад.

Тоҷикистон ва Русия омодаанд бо кӯшишҳои муштарак аз ин пас низ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро таъмин кунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим