Тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо нақлиёти боркаши автомобилӣ

10.04.2020 14:36

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ба мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ бобати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти боркаши автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст.

Тибқи тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда, дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати дар нақлиёти боркаши автомобилӣ мавҷуд будани  ядак ва нимядаки ҷудошаванда, молҳои воридшаванда аз сарҳад то маҳалли таъйинот тариқи ядаккашҳои ватанӣ интиқол дода мешаванд. Пас аз барасмиятдарории гумрукии молҳо, баргардонидани ядак ва нимядакҳои хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳад ва ё терминалҳои наздисарҳадӣ амалӣ мегардад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ тибқи мувофиқаи пешакӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳаракати нақлиёти автомобилӣ бо борҳои таъйиноти махсус барои иншоотҳои стратегӣ ва кумаки башардӯстона бо таъмини мушояати гумрукӣ ва назорати карантинӣ то нуқтаҳои таъйинотӣ сурат мегирад.

Ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушояати гумрукӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти алоҳида дар мувофиқа бо масъулони назорати вазъияти беҳдоштию эпидемиологӣ амалӣ мегардад.

Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда, ба ғайр аз молҳое, ки бо ядакҳо ва нимядакҳо интиқол дода мешванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ анҷом меёбад.

Тартиби мазкур муваққатӣ буда, пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ бекор карда мешавад.

 

Нигористон

Тақвим