Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони шарикони рушд

24.04.2020 22:37

24 апрели 2020 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо шарикони рушди кишвар, аз ҷумла Ҳамоҳангсози кишварии СММ С.Синаноғлу, Сафири ИМА Ҷ.Поммершайм, Сафири Германия А.Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо М.Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Г.Перфилева, Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ Л.Калестини ва роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар табодули назар намуданд.

Нигористон

Тақвим