Конфронси видеоӣ бо сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар Афғонистон, Покистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва Олмон

25.04.2020 11:34

24 апрели 2020 ба мақсади пайгирии натиҷаҳои машварати видеоӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирону консулони генералии кишвар дар Афғонистон, Покистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва Олмон конфронси видеоӣ доир намуд.

Дар он гузоришҳои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар бораи корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Марказ шунида шуданд.
 

Нигористон

Тақвим