Ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ (16-22 ноябри соли 2014)

14.11.2014 17:40

16-21 ноябри соли 2014 – ташрифи сафирони навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Мексика, Австралия, Малайзия, Шоҳигарии Дания, Словения, Ирландия, Гана, Шоҳигарии Нидерланд, Португалия, Эстония, Босния ва Гертсеговина, Молдова, Давлати Исроил, Зеландияи Нав, Канада, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои супоридани Эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон; 

17-18 ноябри соли 2014 – ташрифи ҳайати Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо  роҳбарии Президенти Бонк Сума Чакраборти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20-21 ноябри соли 2014 – ташрифи ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

21-22 ноябри соли 2014 – сафари Президенти Конфедератсияи Швейтсария, Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Дидйе Буркҳалтер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нигористон

Тақвим