Машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии СҲШ

13.05.2020 18:51

13 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар рафти машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои “оилаи СҲШ”-ро муҳокима карданд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қайд карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд.

С. Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ  маълумот дод.

Дар суханронии С. Муҳриддин ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин росто Вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намуд.

Дар рафти машварат вазирон нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалиро баррасӣ карда, дар бораи аҳамияти дар сатҳи шоиста таҷлил намудани Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75–умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Русия дар СҲШ баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

PS7A2798-13-05-2020-1849.jpg

PS7A2791-13-05-2020-1850.jpg

 

Нигористон

Тақвим