Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Ватан 

22.05.2020 14:30

Ба манзури иҷрои нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила ба Ватан баргардонидани шаҳрвандон субҳи 22 майи 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти Украина 30 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати «SkyUp Airlines» аз Киев ба Душанбе баргардонида шуданд. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир карантин шуда, зери муроқибати пизишкон қарор доранд. 

Бо парвози мазкур инчунин беш аз 100 шаҳрванди Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон тахлия шуданд.

Нигористон

Тақвим