Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ҷамъияти дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ

28.05.2020 09:08

26 майи 2020 Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода аз Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ боздид намуд.

Дар мулоқот бо Раиси Ҷамъияти мазкур Лин Сунтян табодули назар пиромуни масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, аз ҷумла бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва ҷавонон сурат гирифт.

Ҷонибҳо зарурати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои судмандро дар заминаи чорабиниҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Glavnaya-28-05-2020-0908.jpg

Нигористон

Тақвим