Машварати видеоии намояндагони Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон

28.05.2020 19:17

28 майи 2020 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар машварати видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуд.

Дар машварат масъалаҳои муборизаи муштарак бо бемории ҳамагири COVID-19 ва абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои иқтисодии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муҳокима гардиданд. Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид нақши ин ниҳодро дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 муаррифӣ намуд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои навбатии сиғаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

PS7A3007-28-05-2020-1916.jpg

PS7A2985-28-05-2020-1916.jpg

 

Нигористон

Тақвим