29 майи 2020 гуфтугӯи телефонии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳури Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар мавриди раванди мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 дар кишварҳои худ мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкории дуҷонибаи ду давлатро дар ин самт муҳокима карданд.
Дар рафти суҳбат сатҳи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак дар соли ҷорӣ дар сатҳи дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва бизнес-форум бо иштироки намояндагони ширкатҳои пешрафта ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳамагирӣ таъкид гардид.
Муовинони вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италияро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.