Машварати видеоӣ бо Сафири Британияи Кабир

09.06.2020 18:16

9 июни 2020 машварати видеоии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мэттю Лоусон ва Роҳбари Дафтари Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ҳонор Фланаган барпо гардид.

Пайгирии тавофуқҳое, ки дар  суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини парлумонии Котиби давлатии Британияи Кабир хонум Венди Мортон 21 майи 2020 ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин машваратро ташкил доданд.

Мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд. Шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.

Зимни гуфтугӯ нақши фаъоли Департаменти рушди байналмилалии  Британияи Кабир тавассути татбиқи барномаҳо ҷиҳати бартараф кардани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мусоидат ба рушди иқтисодӣ, дастгирии мустақими бахши хусусӣ, мудирияти шаффоф ва самараноки дороии давлатӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ ва тиҷорати минтақавӣ баланд арзёбӣ гардид.

 

Нигористон

Тақвим