Хабар дар бораи парвози чартерӣ ба/аз Дубай

07.07.2020 15:04

Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мерасонад, ки ба мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Точикистон тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли соли 2020 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар АМА муроҷиат намоянд.

 

Сафорати Тоҷикистон дар Абу-Забӣ

Тел: +971 24417950; +971 508085074 (+WhatsApp); +971 569037333,

+971 561300808 (+WhatsApp)

E-mail: tajembabudhabi@mfa.tj

 

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай

Тел: +97143945814; +971547401717

E-mail: tajconsdubai@mfa.tj

 

Нигористон

Тақвим