Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Украина

08.07.2020 10:46

7 июли 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо роҷеъ ба ҷараёни иҷрои тавофуқҳое, ки дар натиҷаи ройзаниҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шуданд, инчунин дар бораи иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки моҳи марти 2020 дар шаҳри Киев баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

Baroi-tornamo.jpg

 

Нигористон

Тақвим