Куруши Кабир

04.08.2020 16:48

Куруши Кабир - бунёдгузори давлатдории мутамаддин
(таърихи таваллуд‎: ‎тақр. 600 то м.  таърихи даргузашт‎: ‎530 то м.)


Kurushi-Kabir-04-08-2020-16-53.jpgДар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки таклифи онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд.

Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт. Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони қадим чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан — Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст.

Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муктадиру мутамаркази муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму ойини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим