Суҳбати телефонӣ бо Сафири Австрия

10.08.2020 15:29

10 августи соли 2020 суҳбати телефонии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Нур-Султон Герҳард Сайллер бино бар поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Сайллер барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташударо пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари ҳамагирӣ таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим