Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус

10.08.2020 18:49

10 августи 2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи пешравию шукуфоии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.

Дар рафти сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманди муҳтарам Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид карданд.

Дар ин зимн зикр гардид, ки ба шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат имрӯз ба таври муваффақона дар сиғаи шарикии стратегӣ густариш ёфта истодааст.

Пешвои миллат ҳамчунин унвонии Александр Лукашенко дар иртибот ба ғолибияташ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.  

http://president.tj/node/23503

Нигористон

Тақвим