Дар бораи парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе-Минск-Душанбе

26.08.2020 16:40

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе қарор қабул намуд.

Парвози чартерӣ дар самти Душанбе-Минск, пеш аз ҳама, барои интиқоли донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин теъдоде аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи беҳдоштию эпидемиологиро риоя кунанд.

Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Беларус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани билетҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд.

Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд. Барои дохил шудан ба рӯйхат ҳамватанонро мебояд ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Минск ва Киев муроҷиат намоянд.

Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд надоштани коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Аммо кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.

 

 

Нигористон

Тақвим