Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин

23.09.2020 18:34

23 сентябри 2020 даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд.

Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳаммияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари ҳамҷавор таъкид гардид.

Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти шуюи вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.

Тарафҳо ба ҳамкории самарбахш дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ва созукори навтаъсиси “Осиёи Марказӣ - Чин” изҳори умедворӣ карданд. Тарафҳо ин ду ҳамоишро шакли муҳимми тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.

Тарафҳо масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии кишвар – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти кишвар аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босруъати кишварро баррасӣ карданд.

Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё  изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвари дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.

PS7A9539.jpg

 

Нигористон

Тақвим