Иштирок дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs)

23.09.2020 18:54

23 сентябри соли 2020 Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, соддагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун авлавият номбар кард.

Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро ҳамчун платформаи муҳимми пешбурди масоили марбут ба об дар паҳнои LLDCs арзёбӣ намуд.

LLDCs1.jpg

 

LLDCs1.jpg

 

mfa1.png

 

Нигористон

Тақвим