Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТЭО

24.09.2020 10:07

24 сентябри соли 2020 Ҷаласаи маҷозии махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (МҲТЭО) баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳайси Раис иштирок ва суханронӣ кард.

Вазири корҳои хориҷӣ дар рафти суханронӣ доир ба фаолияти дусолаи раёсати Тоҷикистон, авлавиятҳо ва дастовардҳо дар доираи Машварат ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал пешниҳод кард. 

Зимнан Вазир ба муносибати анҷом ёфтани давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МҲТЭО ба кишварҳои узв барои дастгирӣ ва иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо тайи ин ду сол изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ин ниҳод бо кишварҳои узв ҳамкориҳои гуногунҷанбаро идома хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳури Тоҷикистон раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиёро аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2020 ба уҳда дошта, дар ҷаласа раёсати ин ниҳодро барои давраи оянда ба Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.

PS7A9643 - CICA.jpg

01-2 CICA.jpg

PS7A9632 - CICA.jpg

 

Нигористон

Тақвим