Муколамаи сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

20.10.2020 18:36

20 октябри 2020 ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид иштирок намуданд.

Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳамагирии COVID-19, бартараф намудани паёмадҳои он, мубориза бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва таъмини талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, таъмини амният ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи обро зикр намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси муштараки “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ҷиҳати афзудани самараи амалии ин абзор талош хоҳад кард.

Дар навбати худ Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо нақши ин ниҳодро ҷиҳати пешгирӣ аз паёмадҳои манфии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳим хонд.

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

S7A7955 20102020.jpg

Нигористон

Тақвим