Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ

01.12.2025 11:25

Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

01.12.2025.16.18.jpg

 Соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

 Солҳои 1986 – 1988 хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ.

 Соли 1991 Донишгоҳи давлатии олии техникии ба номи Н.Э.Баумани шарҳи Москваро хатм намуд.

 Солҳои 1991 – 1996  дар вазифаҳои масъули Кумитаи давлатии иқтисод, Вазорати иқтисод, Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1996 –   1999 сардори раёсати ояндабинӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Солҳои 1999 – 2002 мутахассис оид ба харид, муовини директор ва солҳои 2002 – 2005 директори  Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф;

 Солҳои 2005 – 2007 сардори раёсати инвеститсияҳои хориҷӣ, сардори раёсати таҳлили макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Солҳои 2007 – 2008 мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари Лоиҳаи таҷдиди системаи идораи давлатӣ;

Солҳои 2008 – 2009 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2009 – 2012 вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2012 – 2017 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамзамон солҳои 2015 – 2017 аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2017 – 2018 раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2018 – 2020 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2020 – 2025 сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка.

Аз 18 ноябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим