Муовинони вазир

01.12.2020 14:20

 

ИМОМӢ СОДИҚ АШУРБОЙЗОДА

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

IMG-8250.jpg28 июли соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатиии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I дорад.                        

Маълумот:

Солҳои 1984-1991 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,  ш.Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос;

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1986-1988 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС;

Солҳои 1991-1993 – муфаттиш, ёрдамчии калони прокурор, н.Рудакӣ;

Солҳои 1993-1995 – котиби якуми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 1995-1997 – мудири шуъба, муовини сардори раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 1997-2002 – сардори раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2002-2011 – мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;

Солҳои 2011-2014 – Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа, Федератсияи Россия;

Солҳои 2014-2016 – сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2016-2021 – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ш.Тошканд;

Солҳои 2020-2021 – ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил, ш.Тошканд;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №135 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 

САЛИМ ФАРҲОД

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

525555.jpg

30 апрели 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II дорад.

Маълумот:

Солҳои 1992-1993 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб;

Соли 1998 – хатмкунандаи Коллеҷи Стейтен Айленд, ш. Ню-Йорк, ШМА; Соли 2005 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1998-1999 – атташеи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, ш. Ню-Йорк;

Солҳои 1999-2001 – котиби дуюми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2001-2003 – котиби якуми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2003-2007 – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ш.Брюссел;

Солҳои 2007-2008 – мушовири раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2008-2009 – сардори шӯъбаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2009-2011 – сардори раёсати кишварҳои Европа ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2011-2014 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Солҳои 2014-2020 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №134 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Нигористон

Тақвим