Вохӯрии вазирони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

17.11.2020 18:56

17 ноябри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 16-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.

Дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ҷанбаҳои калидии шарокат, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, амният, рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ карданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори андеша карданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ тадбирҳои пешгирии паёмадҳои COVID-19, аҳаммияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани паёмадҳои он дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро таъкид намуд.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррел нақши абзорҳои муколамавӣ ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупоро дар бартарафсозии паёмадҳои COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин густариши муносибатҳо ва амалӣ намудани иқдомҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятноки байниминтақавӣ муҳим арзёбӣ намуд.

CA + EU 17 11 2020 (3).jpg

CA + EU 17 11 2020 (2).jpg

CA + EU 17 11 2020 (1).jpg

Нигористон

Тақвим