Табрикоти Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.11.2020 19:01

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид.

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон бирасонам.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шарикии пойдори байни кишварҳоямонро бар асоси манфиатҳои муштараки мо дар пешбурди сулҳу субот дар тамоми Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Миллатҳои мо муносибатҳоеро барқарор кардаанд, ки ба афзоиши робитаҳои байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳои мо мусоидат мекунанд. Ман ба Шумо барои дастгириатон дар соҳаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва ҷаҳонй, аз ҷумла амният ва субот дар Афғонистон ташаккур мегӯям. Солҳои оянда, чун мо дар самти ҳадафҳои мутақобилаи худ бо мақсади таҳкими ниҳодҳои демократй ва рушди шукуфоии иқтисодӣ саъй менамоем, муносибатҳои қавии байни кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт».

Emomali-Rahmon-and-Donald-Trump-20-11-2020.jpg

Нигористон

Тақвим