Маздак - пешвои мардумдӯсти Эрони бостон
(460 – 529 ё 531)
Маздак дар таърихи мардуми форсизабон яке аз чеҳраҳои дурахшоне мебошад, ки номи худро дар саҳифаҳои ҳаракати озодфикрии ҷаҳон ба таври абадӣ сабт кардааст. Бо вуҷуди он ки ин мазҳаб дар охири давраи сулолаи сосонӣ падид омада, номи Хусрави Анӯшервонро дар Шарқ маъруфу машҳур гардонид, неруи таълимоти ӯ роҳи муборизаи озодихоҳонаи мардуми моро бар зидди истилогарони аҷнабӣ равшан намуда, сипас яке аз омилҳои пайдоиши давлатҳои форсизабон — Саффориён, Тоҳириҳо ва Сомониён шуд. Дар асари таъсири фавқулодати таълимоти Маздак дар асрҳои миёна дар дини ислом даҳҳо ҷараёну фирқаҳо зуҳур карда, фаъолияти бисёр гурӯҳҳои динӣ ва фирқаҳои ифротӣ аз қабили исмоилия, ҳашишия, афридия, абӯмуслимия, хуррамия, бобакия, бобия аз он сарчашма гирифтаанд.
Маздак дар соли 460-и мелодӣ ба дунё омадааст. Табарӣ ватани ӯро Нисо (ҷануби Ашқободи кунунӣ) гуфтааст. Ин аз он ҷиҳат ҳам дуруст аст, ки бисёр муаррихон падари ӯ Бомдодро аз мубадони бузурги Нишопур донистаанд.
Таълимоти Маздак ва татбиқи амалии он замони тӯлоние (аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри V то соли 529) идома пайдо карда, дар таърих ва зиндагии мардуми империяи сосонӣ ва мардуми ҷаҳон осор ва хотираҳои фаровон боқӣ гузошт. Нуфузи ин ҳаракат бо ҳамлаи арабҳо бештар гардида, заминаи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми ориёӣ ва сарчашмаи дар дини ислом падидор гардидани даҳҳо фирқаҳои оппозитсионӣ шуд.
Маздакия, ки бунёди таълимоташ ойини маздаясност, дар ҷойи холӣ ва тасодуфан падид наомадааст. Монавия ва маздакия дар домони дини зардуштӣ ба вуҷуд омада, дар пайдоиш ва ташаккули ислом ва динҳои дигари ҷаҳонӣ нақши умда ва қобили мулоҳизае доранд. Дин ва инқилоби иҷтимоии Маздак аввалин ҳаракати мардумие мебошад, ки баробарӣ ва мусовоти тамоми одамонро ҳадафу мароми худ қарор дода, муддате онро дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ кард, бинобар ин дар таърихи муборизаи сиёсии инсоният мақоми хосе дорад.
Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон