Абу Ҳанифа Имоми Аъзам

25.11.2020 14:35

Абу Ҳанифа Имоми Аъзам - асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро

(‎5 сентябри 699 - 18 июни 767)

Корномаи ин шахсияти бузург ва нобиғаи асил дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажӯҳиши доманадорро тақозо менамояд. То имрӯз сари мавзӯи ватани аҷдодӣ ва насабу куняи ӯ баҳсу мунозираҳо идома доранд. Аммо таъкиди ин ҳақиқат бамаврид аст, ки аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд.

Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шойистаи қадрдонист. Давраи зиндагии Имоми Аъзам ва ташаккули мазҳаби фиқҳии ӯ марҳалаи таърихии ниҳоят ҳассос ва нозук маҳсуб мешуд.

Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун ойина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамойӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд.

Имоми Аъзам вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонааш ақидаҳои равшан, саҳеҳ ва ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ медонад. Дар ин росто вусъати афкори ӯ то ба ҳадде буд, ки ҳамчун асос барои бунёди фарҳанги нави сиёсӣ дар марҳалаи аввали густариши дини ислом хизмат менамуд. Андешаҳои ин абармард имрӯз ҳам рӯзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободиву рифоҳи мулк, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамойӣ месозанд.

Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд.Бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кушода шуд. Фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо кард. Дар навбати худ арзишҳои таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро боз ҳам ғанӣ гардониданд. Дар амри хайри эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик — Имом Исмоили Бухорӣ, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон ва бахусус намояндаи ин хонадони бонангу номус — Исмоили Сомонӣ нақши барҷаста ва бегазанд доранд. Дар ин силсилаи зарин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит низ мақоми хоссаеро соҳиб аст.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим