Садриддин Айнӣ

25.11.2020 15:10

Садриддин Айнӣ - зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ

                                             (27 апрели 1878 - 15 июли 1954)                                           

Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст. Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хизмати беназир кард.

Хидмати ҷоннисорона ва миллатдӯстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забону адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва арбобони давлати ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳама гуна қадршиносӣ аст.

Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои “Темур- малик”-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккӯбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад.

Бинобар ин, аввалин мактаби олии маорифи кишвар, яъне Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд.

Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт. Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.

Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин “Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим