Шириншо Шотемур

25.11.2020 15:15

Шириншо Шотемур - тулӯи офтоби зиёбахш

(1 декабри 1899- 27 октябри 1937)

Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри XX рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андухта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст.

Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо баръало зоҳир мегардид. Фаъолияти фидокоронаи Шириншо Шотемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд.

Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд.   

Саҳми Шириншо Шотемур дар гиромидошт ва тарғибу ташвиқи ному мероси нобиғаҳои дурахшони фарҳанги мардуми мо — шоирону олимони забардасти миллат низ сазовори ёдоварист. Кору пайкор ва меҳри сарсупурдагони миллат ба мисли Шириншо Шотемур, ки ҳастии хешро барои сарсабзии миллат ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшидаанд, асрҳои аср дар ёди халқ боқӣ мемонад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 1999 Шириншо Шотемур барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» шарафёб гардида, баъдан аз 27-уми июни соли 2006 ба фарзандони фидокор ва содиқи Ватан Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум барои хизматҳои бузургашон дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим