Сотим Улуғзода

25.11.2020 15:20

Сотим Улуғзода - мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ

(11 сентябри 1911- 25 июни 1997)

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шойистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад.
Фаъолияти филмномаву драманависӣ ва тарҷумонии Сотим Улуғзода як саҳифаи дурахшони эҷодиёти нависанда ба шумор меравад. Вай аслан дар ин самти эҷодиёти худ ҳамон мавзӯи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ, ҳимояи Ватан ва шарафи инсониро таҳким бахшида шоҳасарҳои адибони дунёро рӯйи саҳнаи театри тоҷик овард. Аз назари устод Улуғзода, таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст.

Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзғори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид.

Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик, тарбияти адибони ҷавон бо бисёр ордену медалҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишони олии қадршиносии шахсияти эшон, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад. Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим