Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея

25.11.2020 17:20

25 ноябри 2020 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея Пюнг-о Квон мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба  ҷалби сармоя, афзун намудани тиҷорати дуҷониба, таъсиси Дафтари KOTRA дар Душанбе, инчунин роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон даъват гардид, то ҳузури доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кореӣ дар кишвари мо фаолтар гардида, ба манзури таҳкими робитаҳои корӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санадҳои ҳамкории лозим ба имзо расонида шаванд.

PR2-3897 25 11 20 20.jpg

​​​​​​

 

 

Нигористон

Тақвим