Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Академияи миллии дипломатии Корея

26.11.2020 17:06

26 ноябри 2020 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли Академияи миллии дипломатии Корея Ким Ҷун Ҳёнг мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои муштаракро дар самти омода намудани дипломатҳои касбӣ, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди дипломатҳои ҷавони тоҷик барои иштирок дар давраҳои бозомӯзии Академияи дипломатии Корея изҳор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии дипломатии Кореяро ба имзо расониданд. 

dipakademiya 26 11 2020.jpg

Нигористон

Тақвим