Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея

26.11.2020 20:09

26 ноябри 2020 дар чорчӯби сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид.

Дар мулоқот С.Муҳриддин таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти вежа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳимми рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.

Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

mulokot-bo-Sarvaziri-Koreya 26,11,20.jpg

Нигористон

Тақвим