Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Корея

26.11.2020 20:23

26 ноябри 2020 дар чорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Корея (EXIMBANK) Мун Кю Банг мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар самтҳои тиҷорату иқтисод, молияву бонкдорӣ, сармоягузорӣ, ҷоннок намудани бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Eksimbank-27-11-2020.jpg

Нигористон

Тақвим