Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

30.11.2020 11:25

28 ноябри 2020 дар шаҳри Ниамей, Ҷумҳурии Нигер дар  ҳошияи ҷаласаи 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои калидии робитаҳои Тоҷикистону Афғонистон, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳимми мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон 30.11.20 11 23.jpg

 

Нигористон

Тақвим