Мулоқоти видеоӣ бо Муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

01.12.2020 11:10

30 ноябри 2020 мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷӣ  Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини парлумонии котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Дар суҳбат ичунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамсуҳбатон аҳаммияти тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявиро таъкид карданд.

Online Meeting with the Parliamentary Under-Secretary of State of the Great Britain 2.jpg

Online Meeting with the Parliamentary Under-Secretary of State of the Great Britain.jpg

Нигористон

Тақвим