Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ордени Малта

02.02.2021 14:30

2 феврали соли 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иван Лаланнро қабул намуд.

Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома  ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Ордени Малтаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Tajikistan and Malta 02 02 2021.jpg

Tajikistan and Malta 02 02 2021 1.jpg

Нигористон

Тақвим