Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон

03.02.2021 19:11

3 феврали 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва дигар абзорҳои иртиботӣ табодули афкор намуданд.

Идомаи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) муҳим дониста шуд.

IMG-0590.jpg

        

 

Нигористон

Тақвим