Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Украина дар Тоҷикистон

05.02.2021 17:36

5 феврали 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Украинаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангу гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд. Табодули назар атрофи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Tajikistan and Ukraine 05 02 2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим