30 марти 2021 дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мегардад.
Бино бар ин, аз намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур то 18 марти 2021, соати 15:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (телефон +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
Барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ
аккредитатсия шудаанд:
- ному насаби хабарнигор;
- вазифа;
- номи расона;
- акси 3,5х4,5 см (300 dpic, JPEG).
Барои намояндагони ВАО-и хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ
аккредитатсия нашудаанд:
- ёддошти Сафорат ё нома аз ҷониби роҳбари бунгоҳи хабарӣ дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ;
- акси 3,5x4,5 см (300 dpic, JPEG);
- нусхаи шиноснома;
- суроғаи почтаи электронӣ.
Маълумоти бештар дар бораи Конфронс дар ин пайванд дастрас аст.