Қабули нусхаи эътимодномаи Сафири Туркия

17.03.2021 11:07

17 марти 2021 дар Душанбе Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.   

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Туркия дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.

 

First-Deputy-Foreign-Minister-Turkish-Ambassador-17-03-2021.jpg

17-03-21-12-20.jpg

Нигористон

Тақвим