Суҳбати телефонии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

22.03.2021 12:08

20 марти 2021 бино ба пешниҳоди ҷониби Афғонистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир гардид.

Масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар маросими ифтитоҳи Конфронси нуҳуми вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, ба хусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт, бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт.

Вазирон ҳамдигарро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонафрӯз шодбош гуфтанд.

Foreign Ministers of Tajikistan and Afghanistan 22 03 2021 12 08.jpg

Нигористон

Тақвим