25 марти 2021 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Дабири муштарак, Сардори Идораи муносибатҳои байналмилалии Вазорати дифои Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнатҳ Гош баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.