Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

30.03.2021 01:30

29 марти 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби  Осиё - Раванди  Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷода аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемия ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ зарур шумурда шуд.  

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, табодули андеша карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунин дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, муҳокима карда шуд.

http://president.tj/node/25372

Turkish-Foreign-Minister-1 02 04 2021.jpg

Turkish-Foreign-Minister-2.jpg

Нигористон

Тақвим