Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи тиҷорат ва саноати Русия

15.04.2021 17:31

14 апрели 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Президенти Палатаи тиҷорат ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин баргузор шуд.

Дар он дидор ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия табодули афкор намуданд.

И.Сатторов ва С.Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро ба мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди баъдии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳор карданд.

002-15-04-21.jpg
 

Нигористон

Тақвим