Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

05.05.2021 11:13

4 майи соли 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон  Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардид, ки дар он перомуни ҳамкориҳои густарда ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.

М.Атмар аз созмондиҳии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе (29-30 марти 21) изҳори сипос намуда, мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро дар ҳошияи конфронс бисёр бамаврид ва муфид хонд.

Дар мулоқот ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикии ду кишвар, инчунин истифодаи босамар аз стипендияҳои ҳарсолаи Тоҷикистон барои донишҷӯёни Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Safir-bo-M-Atmar.jpg

 

Нигористон

Тақвим