Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Покистон

05.05.2021 15:05

5 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.

Дар суҳбат масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти тавсеаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳангу сайёҳӣ ва саноату энергетика таъкид карданд.

IMG-8247.jpg

 

Нигористон

Тақвим