Эълони сабти номи намояндагони расонаҳо барои инъикоси ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

07.05.2021 10:04

18-19 майи 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Бино бар ин, аз намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур то 11 майи 2021, соати 15:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (телефон +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

 

Барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва расонаҳои хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд:

- ному насаби хабарнигор;

- вазифа;

- номи расона;

- акси 3,5х4,5 см (300 dpic, JPEG);

- суроғаи почтаи электронӣ.

 

Барои намояндагони ВАО-и хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия нашудаанд:

- ёддошти сафорат ё нома аз ҷониби роҳбари васоити ахбори омма дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ;

- акси 3,5x4,5 см (300 dpic, JPEG);

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи васоити ахбори омма;

- шарҳи ҳоли хабарнигор;

- саволномаи (анкета, PDF) пуркардашуда;

- суроғаи почтаи электронӣ.

Нигористон

Тақвим