Дар бораи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

18.05.2021 11:33

18-19 майи 2021 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Дар кори ҷаласаи мазкур, ки таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад, вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат хоҳанд кард.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Аз натиҷаи чорабинии мазкур бастаи ҳуҷҷатҳо қабул мегардад. 

Нигористон

Тақвим