Музокироти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия

19.05.2021 10:20

19 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, музокирот намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба баррасӣ карданд. Гузашта аз ин, табодули фарогири афкор перомуни масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ бо тамаркуз ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни музокирот вазирон ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябри 2021 дар назар аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии  Тоҷикистон ва Русия барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди масъалаҳои муҳтавоии сафари дарпешистода алоқаи фаврӣ барқарор гардад.

Гуфтушунидҳо дар руҳияи созанда, ки хоси муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мебошад, баргузор шуданд.

Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2021 ба имзо расид.

 

Нигористон

Тақвим